Мавлавӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ яке аз чеҳраҳои тобнок дар осмони диёнати Тоҷикистон буда ва саромади олимони динии ин кишвар маҳсуб мешавад. То ба ҳол дар мавриди шахсият, афкор ва андешаҳо, ҷойгоҳи илмӣ ва ахлоқии ин бузургвор кори ончунонӣ сурат нагирифта ва шахсияти ӯ барои донишомӯзони мактаби набавӣ ба гунаи бояд шинохташуда нест. Бинобар ин лозим аст, ки дар мавриди ин донишманд ва мутафаккири исломӣ огоҳӣ дошта бошем, чун эшон нақши муассир ва созанда дар раванди Ислом дар Тоҷикистон дорад.

Вилодат

Мавлавӣ Муҳаммадҷон Рустамов дар соли 1892 дар водии Фарғона наздикии шаҳри Қӯқанд дар деҳаи Чорбоғ, дар хонаводаи мусалмон ва рӯҳонӣ ба дунё омад ва даврони кӯдакӣ ва навҷавониро дар ҳамон диёр дар канори хонавода сипарӣ намуда ва баъдан барои таҳсили улуми исломӣ вориди мадрасаи илмияи Бухоро гардид. Аз вай ба унвони “Мавлавӣ”, “Аллома” ва “Қорӣ” ёд мекунанд. Дар ҳақиқат ӯ шоистаи ин лақабҳо буд. Маъмулан аз ӯ бо пасвандҳои “Ҳиндустонӣ” ва “Қӯқандӣ” ёд мешавад. Ҳиндустонӣ ба хотири чанд сол таҳсили вай дар Ҳиндустон, ва Қӯқандӣ ба хотири зодгоҳаш ва Қорӣ ба хотири ин ки кулли Қуръонро ҳифз карда буд.

Даврони таҳсил

Даврони таҳсили ӯ баробар бо ҳукумати Амир Олимхони Манғит (1910 то 1920) буд. Дар соли 1916 Русияи подшоҳӣ ҷиҳати ҷамъоварии сарбоз, мардони Осиёи Миёнаро барои ҷанги ҷаҳонии аввал (1914 то 1917) ҷамъ намуд, ин кор сабаби ба вуҷуд омадани шӯришҳо бар зидди ҳукумат шуд.

Дар ҳамон сол вай, ки дар Бухоро таҳсил мекард, бо ҳамдарсони худ ба ҷойи ин ки водии Фарғона биёяд, ба кишвари Афғонистон рафт ва то суқути Бухоро ба дасти кумунистҳо дар соли 1920 дар Афғонистон буд ва дигар натавонист ба Бухоро баргардад.

Аз ин рӯй, ӯ барои касби илм роҳии Ҳиндустон шуд ва дар яке аз машҳуртарин мадориси илмияи ҷаҳони шарқи Ислом ба номи Девбандия, ки машҳур ба Алазҳари шарқ аст, машғули таҳсили илм гардид ва муддати чанд сол аз ин мадраса касби файз намуд.

Ӯ улуми исломӣ монанди: ҳадис, тафсир, торих, фалсафа, мантиқ, ахлоқ ва ғайраро аз худ намуда ва аз назари биниши сиёсӣ ва андешаҳои каломии Ислом ҳам ба дараҷаи болое расида буд.  Тақрибан 20 сол тамоми давраи муҳоҷирати таҳсилии ӯ дар кишвари Афғонистон ва Ҳиндустон мегузарад.

Бозгашт ва зиндонӣ шудан

Мавлавӣ дар авоили даҳаи 1930 ба зодгоҳаш бармегардад. Дар ин замон ҳукумати Манғитиён барои ҳамеша аз байн рафта ва ба ҷойи он кишварҳои сусиёлистӣ ба вуҷуд омада буданд. Ҳукумати кумунистии Шуравӣ асоси худро мухолифат бо Ислом гузошта ва ҳамаи ниҳодҳои исломиро аз байн бурда буд.

Ӯ дар соли 1928 барои адои фаризаи Ҳаҷ озими хонаи Худо мешавад ва баъди бозгашт аз Ҳаҷ, як сол баъд, ба зодгоҳи худ бамегардад. Дар он рӯзҳо чеҳраҳои динӣ ва уламо аз тарафи ҳукумат дастгир ва зиндонию шиканҷа мешуданд, Мавлавиро низ дастгир намуда зиндонӣ мекунанд.

Бо шурӯъ шудани ҷанги ҷаҳонии дуввум (1941 то 1945) дар соли 1943 ӯро ба унвони сарбоз ба ҷанг мефиристанд. Вай дар шаҳри Минск дар соли 1944 захмӣ шуда, аз сарбозӣ маъоф мешавад.

Баъд аз табобат, дар Русия монда дар яке аз колхозҳои он ба унвони чӯпон чанд сол машғул ба кор мешавад, ки бори дигар ба зиндон меафтад. Пас аз озод шудан, ба зодгоҳи худ водии Фарғона нарафта, ба Душанбе меояд.

Дар маҷмӯъ, Мавлавӣ дар се марҳала 10 сол дар зиндон буд. Ва дар соли 1955 баъд аз марги Истолин соли 1953 шомили авф қарор гирифта ва қабл аз итмоми давраи зиндон, озод шудааст.

Ӯ дар мавриди зиндонӣ шуданаш мегӯяд: “Ман се бор зиндонӣ шудам ба ҷурми ин ки гӯё бар хилофи давлат дар байни мардум ташвиқ карда бошам. Дар мартабаи аввал як сол ва дар мартабаи дуввум се сол ва дар мартабаи сеюм 25 сол доданд.”

Иқомат дар Душанбе

Даврони зиндони Мавлавӣ дар миёнаи солҳои 1933 то 1955 мебошад. Баъд аз озод шудан дар солҳои 1955 ба Тоҷикистон омад ва шаҳрванди он гардид. Ӯ шаҳри Душанберо ба унвони иқоматгоҳи худ интихоб намуда ва дар яке аз маҳаллаҳои ба номи “Шёлккомбинат” мустақар мешавад. Ба назар мерасад, то охири умр дар ҳамин маҳалла зиндагӣ мекард.

Ӯ дар Донишгоҳи Шарқшиносии Тоҷикистон ба унвони мушовир машғул ба кор мешавад, вале дар муддати кӯтоҳе ӯро аз донишгоҳ ихроҷ мекунанд. Дар ин ҳангом тақрибан 70 сола буд. Ӯ ҳамчун нафақахӯр ва ҳамчун иштирокчии ҷанги ҷаҳонӣ, ба зиндагии худ идома медиҳад.

Ба қавли дигар, вай баъд аз он ки вориди Тоҷикиситон шуд, ба унвони имоми ҷамоати масҷиди “Мавлоно Яъқуби Чархӣ” дар шаҳри Душанбе интихоб шуда ва то охири умр имомати онро ба ӯҳда дошт.

Ба ҳар ҳол ӯ дар ин муддат камар ба таълим ва тарбияти шогирдон ба таври махфӣ баста ва то охири умр дар ҳамин роҳ фаолият мекард.

Таълим ва тадрис

Ҳукумати Шуравӣ ҳадафи зиддимазҳабӣ дошта ва душмани ҳамаи адён буд, аз ҷумла дини Ислом. Ислом дар замони Шуравӣ мароҳилеро тай намудааст, ки дар ниҳоят манъи сиёсатҳо дар мавриди Ислом гардид.

Дар соли 1942 Абдурраҳмон Расулов муфтии Уфо тарҳеро барои оддисозии робитаҳои ҳукумати Шуравӣ бо мусалмонон ба Истолин пешниҳод дод ва мавриди қабули ӯ қарор гирифт ва сабаби ташкили марокизи динии исломӣ дар Шуравӣ гардид.

Бо вуҷуди ин ки маркази динии Осиёи Миёна оғоз ба кор намуда буд, вале дар Тоҷикистон мувофиқи қонуни он давра, ҳар гуна тадрис ва таблиғи динӣ мамнуъ буд. Агар касе ки ба ин кор машғул буд, дастгир намуда ва ба маҳкама мекашонданд.

Мавлавӣ дар даҳаи 1970 ва 1980 таълим ва тадриси худро ба тарзи ғайрирасмӣ оғоз намуд, кори ӯ мавриди истиқболи гарми ташнагони маорифи исломӣ аз рӯҳониён, ҷавонон ва бузургон қарор гирифт ва тӯле накашид, ки овозаи ӯ саросари Тоҷикистонро фаро гирифт ва ба хориҷ аз Тоҷикистон низ рафт.

Вай ташкилдиҳандаи маҷлисҳои дарсӣ буда ва ҳалқаҳои дарсии худро ба таври махфӣ созмон дода ва дар онҳо равишҳои таълим ва тарбияти ҷадидеро ба кор гирифт, ки бо равиши маъмули онвақта то андозае тафовут дошт.

Улуми исломӣ дар он давра тадрис мешуд, вале камранг буд ва олимоне буданд, ки мардумро мавъиза мекарданд ва шогирдон ва муридони зиёде доштанд; монанди: Эшони Тӯраҷон (1935-2005) ва дигарон. Бо вуруди Мавлавӣ ба муҳити динии Тоҷикистон, улум ва маорифи исломӣ рангу бӯйи дигаре ба худ гирифт. Ӯ таълими дарсҳои тафсир, ҳадис ва ақидаро ҷузъи барномаҳои ҳатмии дарс намуд. Аҳаммияти ин дарсҳо дар он буд, ки таълими онҳо ба шогирдон илова бар омӯзиши масоили фиқҳӣ ва адабӣ, ба тадриҷ масоили фикрӣ, каломӣ ва иҷтимоии Исломро дарк мекардаанд.

Самараи ин заҳматҳо боиси ба вуҷуд омадани шогирдони барҷаста гардид, ки ҳар як ба навбаи худ нақши муассире дар ҷомеа ва сиёсат доштанд. Ҳамаи он дарсҳо монанди ҳадис, тафсир, калом, адабиёти араб, адабиёти форсӣ ва ғайраро Мавлавӣ таълим додааст ва авҷи фаолият ва тадриси ӯ даҳаҳои 1970 ва 1980 мебошад.

Дар ҳамон солҳо ҳукумати кумунистӣ ӯро бисёр озору азият медод ва чанд бор ӯро дар ҳолати дарс додан, дастгир карда буд, кор ба ҷое расид, ки бархе аз дарсҳои худро таътил кард.

Шогирдон

Мавлавӣ аз назари улуми исломӣ як устоди барҷаста ва забардаст буд. Ӯ илова бар ин ки дар улуми исломӣ монанди фиқҳу адабиёти араб ва ғайра табаҳҳур дошт, аз назари андешаҳои каломӣ, сиёсӣ ва фикрии исломӣ низ дар он замон беназир буд. Ба ҳамин хотир толибони илм ҷиҳати касби он илмҳо ва тахассусҳо ба назди эшон меомаданд. Онҳое, ки ифтихори шогирдии ӯро доштанд, ба худ меболиданд ва онҳое, ки тавфиқи шогидии ӯро надоштанд, ҳасрати шогирдии ӯро мекашиданд.

Эшони Тӯраҷон дар ин маврид мефармояд: Писарам эшони Нуриддин 7 сола буд, орзу кардам, ки агар бузург шавад дар назди ҳамин домулло таълим гирад. Алҳамдулиллоҳ пас аз тамом кардани мактаб эшони Нуриддинро назди домулло бурдам.

Бештари уламои бузурги имрӯзи Тоҷикистон шогирди Мавлавӣ будаанд, монанди Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (1947-2006), Эшони Нуриддинҷон, Эшони Саидашраф (1994), Эшони Қиёмиддини Ғозӣ, Махдуми Исмоил, Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, Мавлавӣ Абдулҳай, Махдуми Бурҳониддин, Муҳаммадшарифи Ҳимматзода (1951-2009), Мавлавӣ Муҳаммадқосим, Махдуми Убайдуллоҳ, Эшони Маҳфузуллоҳ ва дигарон.

Бархе аз ин уламо, солҳои зиёде аз маҳзари ӯ касби файз намудаанд мисли Эшони Нуриддинҷон, ки аз 10 то 15 сол ва Эшони Қиёмиддини Ғозӣ 5 сол ва ғайра.

Ба хотири сахтгирии ҳукумати Шуравӣ дар мавриди дин, Мавлавӣ барномаҳои хоссе дар мавриди таълими шогирдон дошт, ки яке аз вуҷуди дигарӣ, огоҳӣ надошт. Эшони Қиёмиддини Ғозӣ пеш аз намози бомдод ва эшони Нуриддинҷон баъд аз вай, барои дарсгирӣ меомаданд. То муддатҳо ин ду бузургвор аз вуҷуди якдигар огоҳӣ надоштанд.

Шогирдони Мавлавӣ дар заминаҳои мухталиф фаолият мекарданд, масалан Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшарифи Ҳимматзода вориди масоили сиёсӣ шуда ҲНИТ–ро таъсис карданд. Эшони Саидашраф ва эшони Қиёмиддини Ғозӣ дар он замон аз тарафи идораи қозиёти рӯҳониёни расмӣ, хатиб ва сархатиби Қурғонтеппа интихоб шуданд ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ва Эшони Нуриддинҷон ба унвони бузургони мазҳабӣ ҷойгоҳи хос ва маҳбубияти чашмгире дар ҷомеа доранд.

Таълифот

Илова бар таълим ва тадрис, аз Мавлавӣ осоре бар ҷой монда аст. Осори ӯ аз ду тариқ боқӣ монда аст: 1. Таълифот, 2. Наворҳои суханронӣ

Таълифоти ӯ дар мавриди тафсир, торих, ашъор ва рисолаҳои кӯчак мебошад.

Аз корҳои муҳимми ӯ навиштани тафсири Қуръони Карим дар шаш ҷилд ба забони узбакӣ мебошад, ки он дар ҷавоби китоби Сайидқутб навишта ва дар соли 1984 навиштани онро ба поён расондааст.

Дар охири даҳаи 1980, ҳарчанд ваҳҳобие дар минтақа вуҷуди хориҷӣ надошт, аммо масъалаи ваҳҳобият авҷ гирифт. Ҷолиб ин ки ҳар касе ки андешаҳои ҷадид дошт ва бо хурофот, одоб ва русуми ғалати ҷомеа мухолифат мекард, ӯро ваҳҳобӣ мегуфтанд. Мавлавӣ дар шинохти ваҳҳобият рисолаи кӯчаке ба номи “Торихи ваҳҳобият” навишт, ки ҳаҷми он бисёр кам ва ба андозаи чанд сафҳа буд.

Ҳамин тавр як рисолаи бисёр камҳаҷми дигар дар радди номае, ки ба Мавлавӣ навишта шуда ва эшонро таҳқир намуда буд, навиштааст. Имрӯз нусхаи он бо дастхатти Мавлавӣ дар назди яке аз шогирдонаш боқӣ мондааст.

Наворҳои суханронии ӯ забт шуда ва то ба ҳол дар назди шогирдон ва мухлисони ӯ мавҷуд мебошанд. Аз эшон як филми мустанад ба номи “Он чӣ ки аён аст” боқӣ мондааст, ки дар соли 1987 тавассути оқои Мирбобо Мирраҳим ва А. Пулодов ба навор гирифта шудааст.

Вафот

Мавлавӣ дорои фарзандоне будааст, ки ба назар мерасад, ҳамааш духтар мебошанд. Ончунон, ки ба он даст ёфтем, фарзандони ӯ дар роҳ ва хатти Мавлавӣ набуданд; яъне роҳи ӯро дар муҳити динӣ касе ба ӯҳда нагирифт. Ӯ Мавлавӣ Абдулҳай-ро, ки яке аз беҳтарин шогирдон ва Бедилхони ӯ буд, ба унвони фарзандхонда мегирад.

Мавлавӣ умри тӯлонии наздик ба 100 сол дошт, ӯ даврони ҳукумати Абдулаҳадхон (даврони ҳукумат: 1885 то 1910) ва даврони ҳукумати писари ӯ Амиролимхони Манғит (даврони ҳукумат 1910 то 1920) ва тақрибан ҳамаи даврони ҳукумати Шуравиро дарк намуда буд. Саранҷом дар соли 1989 дар синни 97 солагӣ дори фониро видоъ гуфта ва дар канори қабри Мавлоно Яъкуби Чархӣ (851ҳ.қ.) аз тавобеи шаҳри Душанбе ба хок супурда мешавад.

Мардуми мусалмони тоҷик ба хусус шогирдони ӯ дар шаҳри Душанбе дар наздикиҳои фурудгоҳ ба хотири заҳамоти ин бузургвор ва ба поси ёдбуд ва қадрдонӣ масҷидеро ба номи “Масҷиди Мавлавӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ” номгузорӣ карданд.

Имрӯза дар Тоҷикистон аз Мавлавӣ ба унвони як чеҳраи барҷастаи динӣ, донишманд ва мутафаккири ҷаҳони Ислом, шинохта шуда ва назди оммаи мардум аз ҷойгоҳи болое бархӯрдор аст. Руҳаш шод!



Таҳияи Ҳақдоди Шаҳобуддин, коршиноси аршади торих ва тамаддуни исломӣ


                                                                        *** 

    ЭШОНИ АЛЛОМАИ РЕГАРИ: ЁДЕ АЗ МАВЛАВИИ ҲИНДУСТОНИ…

 
- Мўҳтарам Эшони Аллома метавонед, ягон хотироти ҷолибе аз устодонатон Домулло Сафаралӣ, Домулло Қозӣ Абдуррашид ва Мавлавии Ҳиндустони барои хонандагони мо ёддошт намоед?
- Бисмиллоҳир-р-ҳмони-р-раҳим. Ас-салоту ва-с-салом ало сайидино Муҳаммад ва ало олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин ва баъдан аз хотироти Домулло Сафаралӣ ва Домулло Қозӣ Абдуррашид дида, бештар хотироти Мавлавии Ҳиндустонӣ маро дар ёд аст.
- Гуфта метавонед, ки сабабаш дар чист?
- Ҳангоме, ки дар назди Домулло Сафаралӣ ва Домулло Қозӣ Абдуррашид таълим мегирифтам ҷавон будам ва баъдан солиёни тўлонӣ гузаштаасту ба дурустӣ ёдам он қадар нест. Аммо ҳангоми дар назди Мавлавии Ҳиндустонӣ таълим гирифтанам марди аёлманд будаму дар сафарҳо, баҳсу мунозираҳояшон иштирок менамудам ва ағлаб саргузашти пурмоҷарояшонро Ҳазрати Мавлавӣ ба ман қисса низ менамуданд.
- Гуфтагӣ барин, дар сафарҳои Мавлавии Ҳиндустонӣ иштирок карданатонро ба маврид қайд намудед. Агар махфӣ набошад, бо Мавлавӣ ба куҷо сафар намудед ва қасди сафаратон дар чӣ буд?
- Сабаби сафари мо дар ибтидо ҷавононе буданд, ки додани садақаву нони худоӣ, баъзе аҳкоми шаръиро дар ҷаноза қабул надоштанд ва ба ин монанд аъмоле, ки аз ҷониби онҳо сар мезад, буд. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамаи ин навовариҳову зид баромаданҳо ба анъанаҳои аҷдодиву мазҳабӣ аз тариқи Ҷумҳурии Ўзбекистон ба мо ворид мегаштанд. Боре тобистони соли 1985 аз Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ўзбекистон шиносони Мавлавии Ҳиндустонӣ ба наздаш омаданду аз гурўҳе шикоят бурданд, ки онҳоро аз додани садақа, тиловати Қуръон дар сари қабр, додани нони худоӣ ва ғайраро манъ менамудаанд. Ҳазрати Мавлавӣ иттифоқ намуданд, ки ба шаҳрисабз раванд. Ба ман рўй оварданду гуфтанд: «Ба Шаҳрисабз меравем. Он ҷо гурўҳе баромадааст, ки аҳволи бародарони моро танг намуда истодаанд ва хостори баҳсу мунозара будаанд». Иттифоқ намудему ману Ҳазрати Мавлавӣ ва як бародари дигарамон, ки аз фарғонагиҳои Регар бо номи Эшони Аҳрор буд, дар мошини тамғаи Жигулӣ нишастему чашми рўз накафида озими Шаҳрисабз шудем.
Дар Дарбанд дар хонаи як нафар аз шиносони Ҳазрати Мавлавӣ фуруд омадем, таоми нисфирўзӣ тановул намудему намози пешин хонда, боз роҳ сўйи Шаҳрисабз кашидем. Қарибиҳои бегоҳ дар хонаи қассобе, ки аз шиносони Ҳазрати Мавлавӣ будаасту ҷойи вохўриро ҳамон ҷо таъйин намуда будаанд, фаромадем. Ҳангоме, ки шаб фаро расид маҳфили баҳсу мунозароро ороста намуданд. Ҳазрати Мавлавӣ аз он нафароне, ки нони худоӣ ва садақаро қабул надоштанд, талаб намуданд, то суолоти худро тариқи хат ба ў диҳанд ва Ҳазрати Мавлавӣ ба суолоти онҳо дар такя ба оёту аҳодиси набавӣ посух хоҳад гуфт.
- Домулло шумо гуфта метавонед, ки даъвогарон чанд нафарро ташкил медоданд?
- Валлоҳу аълам, зиёда аз дусад нафарро ташкил медоданд. Онҳо суол мекарданду Ҳазрати Мавлавӣ посух медод ва баҳсу мунозираи онҳо бо Ҳазрати Мавлавӣ тақрибан се соат давом ёфт, ки дар натиҷа Мавлавӣ хаста шуданд ва аз ман дархост намуданд, ки «забони ўзбекиро, ки медонӣ, ба суолҳои онҳо посух бидеҳ». Тақрибан ду соати дигар баҳсу мунозираи шуруъ намудаи Мавлавиро ман давом додам. Ҳазрати Мавлавӣ гўш медоданд ва баъзан ба баҳси мо ҳамроҳ мегаштанд. Забондониву посух доданҳои ман ба Мавлавӣ хуш омад, ки дар охир гуфтанд: «Хуш ҳамраҳ овардам… Хуш ҳамраҳ овардам…».
Рўзи дигар ба Деҳнав рафтем, дар хонаи нафаре меҳмон шудем ва шабро бо баҳсу мунозара гузарондем. Пас аз ду рўзи баҳсу мунозира боз ба Душанбе баргаштем.
- Шумо гуфта метавонед, ки бештар сари кадом мавзуъҳо баҳсу мунозараҳо кардед?
- Мавзуъи асосии баҳс дуруст будану набудани дуову фотиҳаҳо буд, яъне онҳо дуову фотиҳаро ба монанди дуо кардан дар сари қабр, пас аз таом, дар маърака ва маросимҳои азову мотам мутлақо ҳаром мешумориданд.
- Дар мавриди зиндагиномаи Мавлавии Ҳиндустонӣ ёддоште доред ё на?
- Пас аз оне, ки Ҳазрати Мавлавӣ чанде дар Бухоро таҳсил менамоянд, озими Афғонистон мешаванд ва дар назди қозиюлқуззоти Афғонистон муддати панҷ сол касби илм менамоянд. Аз сабабе, ки Мавлавӣ қории мураттаби Қуръон, қории кулли Қуръон буданд, қозии Афғонистон ба ў лақаби «Қорӣ»-ро медиҳад ва Ҳазрати Мавлавӣ мегуфтанд, ки ин қозӣ шогирди зиёд намегирифт.
- Шумо гуфта метавонед, ки он қозиро чӣ ном мебурданд?
- Афсўс, ки на! Ҳазрати Мавлавӣ номгўйи устозону ҳамсабақонашонро ба ман навишта дода буданд, лекин дар ҷанги хонумонсўзи бародаркуш, ки хонаҳои моро ба ғорат бурданду оташ заданд, ҳамагӣ ба коми оташ рафтанд.
- Аз таҳсили Мавлавӣ дар Афғонистон ва дигар хотироти он кас ба мо ягон ёддошти хотирмон карда метавонед?
- Ҳазрати Мавлавӣ дар меҳмонхонаи қозӣ мезистаанду аз ў касби илм мекардаанд. Қозӣ пеш аз вафоташ Мавлавиро васият менамояд, ки «пас аз вафоти ман дар хонаи ман як сол меистӣ ва ҳар рўз ба сари манзили ман рафта, як маротиба «Ё син» мехонӣ. Пас аз як сол аз сари манзили ман дуо мегириву меравӣ». «Ҳамин тавр, мегуфтанд -Ҳазрати Мавлавӣ ман муддати як сол бо аҳлубайти ҳазрати қозӣ истодам ва ҳар рўз мерафтаму дар сари манзили устодам «Ё син»-у «Таборак» мехондам. Пас аз як сол дар сари турбат аз устозам дуо гирифтаму озими Ҳиндустон шудам».
- Мавлавӣ аз сафари ба Ҳиндустон ба шумо ёддошт карда ё на?
- Бале! Ҳамин қиссаи кардаи ҳазрати устоз ҳеҷ аз ёдам намеравад. Ҳазрати Мавлавӣ аз сафари ба Ҳиндустонаш чунин қисса намуданд: «Пас аз дуои устозро гирифтан барои идомаи таҳсил озими Ҳиндустон шудам. Дар кулворам нон гирифтаму чанд тангае ва дар болояш Қуръонро гузаштаму ба сафар баромадам. Дар аснои сафар моро роҳзанҳо асир гирифтанду назди саркардаи худ бурданд. Саркардаи роҳзанҳо кулвори маро кушоду Қуръонро дид. Дастонашро дар пушташ банд карду хам шуда, Қуръонро се маротиб бўсид ва аз ман суол кард, ки «азми шумо куҷост?». Гуфтам «барои касби илм кардан ба Ҳиндустон азм дорем». Саркардаи роҳзанон мактубе навишта карду дар он мўҳри худро пахш кард. Мактубро ба мо доду гуфт, ки «агар дар роҳ касе монеи шумо шавад, номи ман гиреду мактуб ба он нишон диҳед, касе ба шумо кор намегирад». Ҳамин тавр то Ҳиндустон тавассути мактуби ҳамон роҳзан беосеб рафта расидем».
- Мавлавии Ҳиндустонӣ дар кадом мадраса ва чанд сол таҳсил кардаанд?
- Ҳазрати Мавлавӣ дар Деҳлӣ дар мадрасаи «Низомия» муддати ҳашт сол касби илм менамоянд. Ҳангоми дар Деҳлӣ таҳсил карданашон адои ҳаҷҷи фарзӣ менамоянд ва ҳангоми ҳаҷ кардан Ҳазрати Мавлавӣ падарашонро он ҷо мебинанд ва дар муддати анҷоми ҳаҷ карданашон хидмати қиблагоҳиро низ анҷом медиҳанд.
- Мавлавии Ҳиндустонӣ аз таҳсилоташ дар мадрасаи Низомияи Ҳиндустон ба шумо ягон ёддоште кардаанд ё на?
- Ҳазрати Мавлавӣ гуфтанд: «Он ҷо ҳам мисли мо дар моҳи шарифи Рамазон хатми Қуръон мекардаанд. Қориҳоро барои хатми Қуръон ба масоҷиди маҳаллаҳои атроф мебурданд ва дар мадраса барои хатми Қуръон дар як шаб рўйхате тартиб дода буданду қориёни мумтозро номнавис мекарданд. Ман низ дар рўйхат номамро нависондам, ки аксарият дар тааҷҷуб монданд ва аз тавонистану натавонистани ман ҳарф мезаданд. Ман низ намози шомро хонда, як пиёла шир ошомидам, дигар чизе тановул накардам. Ба ҷои хатм рафтему ба тиловати Қуръон пардохтам, як соат қабл аз субҳ Қуръони каримро хатм намудам ва қориёни забардаст қории ба камол расида будаӣ гўён маро таҳсин карданду аз сарам тангаҳо пошиданд. Пас аз ин дигар маро касе ба номи аслиам ном намебурд. Ҳама маро Қорӣ ном мебурданд.
- Дар мавриди мактуби таҳқиромези беноме, ки ба унвони Мавлавии Ҳиндустонӣ ирсол гардида, назари шумо чист ва сабабашро дар чӣ мебинед?
- Рўзи шанбе ё якшанбе буд, ки мо ба хонаи Ҳазрати Мавлавӣ барои дарсгирӣ рафтем, ки аз дидагонашон ашк мерехту мегуфтанд, ки «ба мо хате оварда додаанд, ки саропо ман таҳқир шудаам». Пештар аз ин воқеаи хат дар шаҳри Қурғонтеппа Домулло Муродҷон ном домуллое тўй карда буд ва донишмандону домуллоҳои зиёде даъват шуда буданд, ки дар ин миён Ҳазрати Мавлавӣ низ даъват шуда буд ва ҳузур доштанд. Дар маърака аз Ҳазрати Мавлавӣ суол мешавад, ки «ҳукумати шўравӣ чӣ гуна ҳукумат аст?». Ҳазрат дар посухи суол мегўянд, ки «ман оламро гаштам аз Хитой то Ҳиндустон ва аз Ҳиндустон то Арабистон ва мисли ҳукумати шўравӣ ҳукумати одил надидам. Чунки ҳукумати шўравӣ моли мардумро ҳимоя менамояд. Пас аз посухи суол ҳазрати Мавлавӣ суол карданд: «Оё шумо медонед, ки озодӣ дар куҷост?» ва худи ҳазрат ба посухи дигарон интизор нагашта посух доданд, ки «озодии халқ дар ҳимояи давлат аст. Агар давлат халқро ҳимоят накунад, мардум озод нест. Давлат бояд халқашро ҳимоя кунад, то мардум донад, ки дар давлати озод зиндагӣ дорад». Пас аз посухи суол, ки саводу ҷаҳонбинни мардум кам буд, гуфтанд: «Мавлавӣ агент аст» ва ҳамин сабаб гашт, ки бо суханони қабеҳу бемаънӣ ба монанди «аз дин гаштӣ, аз Ислом дур шудӣ…»-ро навиштанду мактубаш карданд.
Аз чунин муомала Ҳазрати Мавлавӣ бисёр ҳам ранҷиданд ва ҳатто мегиристанд. Ҳазрат сухани Ибни Синоро ба такрор мегуфтанд, ки «агар дар олам як мусулмон боқӣ монад, Муҳаммадҷони Қўқандист ва агар дар дунё ду мусулмон бошад, як нафараш Муҳаммадҷони Қўқандист. Ин чӣ суханест, ки дар шаъни мо одами навадсола мезананд ва ман чӣ гуна агент будаам. Ман куҷову агентии ман куҷо? Магар ба суолҳо рост посух гуфтан агентист? Дар ҳукумате, ки агар ронандае мурғро ба ғафлат зер кунад, шаш моҳ ўро аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум месозанд ва илова бар ин ҳаққи мурғро пардохт менамояд, ин адолат нест магар? Ҳукумати шўравӣ бисёр ҳам як ҳукумати одил аст, ки мардумро хуб нигоҳу бин дорад». Ҳазрати Мавлавӣ дар охир дуо карданд. Дуо карданд, ки «Худоё ҳар кӣ моро беҳурматӣ кард, хору нобудаш гардон». Инро гуфтанду гиристанд. Дуои пири навадсола мустаҷоб гашт ва он нафароне, ки дар ин кор бадгумон буданд, ба фалокат расида, нобуд шуданд.
- Мегўянд, Мавлавии Ҳиндустонӣ тартиботеро ба роҳ монда будаанд, ки аз рафти таълим як шогирди ў аз шогирди дигараш хабар надоштааст. Оё ин асос дорад ё не?
- Асос надорад. Аз шогирдон ҳар касе кадом вақте дасташ мерасид омада таълим мегирифт ва баъдтар байни солҳои 80-ум дарсҳои ҳазрат ба тариқи ҷамоӣ мегузаштанд. Фақат як ҷои муайяни таълим надоштанд, дар масҷид, дар хонаҳои мардум, манзури ман он аст, ки агар ба хонае ба меҳмонӣ даъват мешуданд, дар ҳамон маърака аллакай маҳфили дарсро меоростанд. Ҳазрат солҳои ахир дарсҳояшро ағлаб дар хонааш медоданд.
- Гуфта мешавад, ки Мавлавии Ҳиндустонӣ писар надоштаасту Мавлавӣ Абдулҳайро писархонд гирифта бошад. Назари шумо дар ин маврид чист?
- На! Ҳазрати Мавлавӣ ҳам писар доштанду ҳам духтар. Мо наметавонем, гўем, ки танҳо Мавлавӣ Абдулҳай мисли писараш хидмат мекард, чунки дар баробари ў Махсуми Бурҳониддин низ мисли фарзандаш хидмат мекард. Инҳо нафароне буданд, ки мисли падарашон дар ҳаққи Мавлавӣ хидмати воқеонаи фарзандӣ мекарданд, ки ҳатто баъзе писарон дар ҳаққи падарони худ чунин хидмат намекунанд.
- Дар мавриди дониши Мавлавии Ҳиндустонӣ чӣ назар доред?
- Ҳазрати Мавлавӣ ҷомеу-л-улум буданд. Он кас аз тамоми илмҳо баҳра доштанд. Агар гўем, ки Ҳазрати Мавлавӣ дар илм баҳр буданд, муболиға нахоҳем кард.
- Мавлавӣ аз кору фаъолият, ман дар назар дорам розӣ будан набудани он кас аз таълиму тадрисашон. Шояд шикоят мекарданд, шояд қаноатмандии худро ошкор мегуфтанд. Дар ин маврид чизе ёддошт карда метавонед?
- Дар мавриди кору фаъолияташон ҳоҷати сухан кардани ман ҳам нест, чунки ҳаёти пурчоҷаро доштанд ва таъқибу озорҳои зиёде ҳам дидаанд, дар касби илм кардан азобу машаққатҳои бениҳоят низ кашидаанд, маҳбас шуданд, таҳқир шуниданд ва ҳоказо… Лекин як чизро бояд қайд намоям, ки солҳои охири ҳаёташон бисёр орзу мекарданду мегуфтанд: «Ҳамакнун ҷавонтар мебудам… Шастсола мебудам, дарс медодам. Афсўс, ки дарсҳо, илмҳо дар синаи ман дар хок мераванд».
- Ташаккур, бисёр як ҳикояи шуниданӣ! Домулло шумо азм накардед, ки дар мавриди устоди худ Мавлавии Ҳиндустонӣ ягон рисолаи ёддоштӣ навишта намоед. Аз шогирдони Мавлавии Ҳиндустонӣ танҳо Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ азм карда ва чунин як рисоларо бо унвони «Пандномаи ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадҷон ал-Қорӣ алайҳи раҳмату-л-борӣ» иншо намудааст. Дар ин маврид чӣ гуфтанӣ доред?
- Навишта кардани чунин як ёддошт дар шахсияти Ҳазрати Мавлавӣ барин донишманди мутабаҳҳир албатта шоиста аст. Худованд амони ҷон диҳад, иншоаллоҳ, кушиш менамоем, то дар оянда чизе аз хотироти худ дар бораи ҳаёту фаъолияти ин марди шариф рўйи коғаз орем.
Мусоҳибаи Масъудҷон Ғафурӣ 



БАРХӮРДИ МАВЛАВИИ ҲИНДУСТОНӢ БО ВАҲҲОБИЁН ВА МОҶАРОИ НОМА

Мавлавии Ҳиндустонӣ баъди ба роҳ мондани мактаби хеш бо қисме аз шогирдонаш ба бархӯрди шадиде мувоҷеҳ мегардад, ки оқибати он ба таҳдиду лаънат ва таҳқиру нафрини ҳамдигарӣ хотима меёбад ва ахиран, ин Мавлавиро дар синни пиронсолӣ аз по меафтонад. Ҷудоии як гуруҳ шогирдони Мавлавӣ аз мактаби ӯ чолиш сари масоили фиқҳиву ақидатӣ монанди дуову фотиҳа накардан дар сари қабр, хайру садақа надодан барои фавтидагон, зиёрати қабр, залолат шумурдани бидъат (Мавлавӣ бидъатро ба воҷиб, ҳасана, мандуб ва сайиа ҷудо мекунад), макон доштани Худо ва дар арш қарор гирифтани Ӯ, ҷиҳод, шифо набудани Қуръон, инкори тасаввуфу тариқат, қайд нагирифтани мавлуди Пайғомбар (с), ғайри пайравонашонро кофиру мушрик ҳукм кардан ва ғайра будааст.

Шохаи ҷудошудаи шогирдони Мавлавӣ дар Ӯзбекистон нахуст равияашонро «муҷаддадия» (арабии навшуда, навсозишуда) ва худро «муҷаддид» (навсоз, навовар) меномиданд. Абдуллоҳи Раҳнамо истиллоҳи «руҳониёни ислоҳталаб» ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ «ислоҳҷӯёни дин»-ро ба кор бурдаанд. Аммо Мавлавии Ҳиндустонӣ ва дигар муҳақиқон онҳоро «ваҳҳобиён» номидаанд. Инчунин, дар манобеъ «неоваҳҳобиён» ва «муллоҳои ҷавон» низ ёд шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки дар шаклгирии равияи «муҷаддадия» на танҳо идеология ва таълимоти ваҳҳобия, балки дигар идеологияҳои динӣ-сиёсӣ, назири «Ихвону-л-муслимин», низ муассир будаанд...

Дар бораи равияи ВАҲҲОБИЯ ва пайдоишу густариши он дар Тоҷикистон дар авоили солҳои 1990 аз ҷониби муҳаққиқону донишмандон ва таҳлилгарону руҳониёни шинохта як силсила мақола ва мусоҳибаҳо дар ВАО-и ҳамон вақт, назири: «Ошкорбаёнӣ барои кист?» («Адабиёт ва санъат», 1990), «Ваҳҳобия ва ҳизби исломӣ» («Тоҷикистони Советӣ», «Ҷавонони Тоҷикистон», 1990), «Шумо кистед?» («Тоҷикистони Шӯравӣ», 1991), «Ислом ва сиёсат» («Ҷавонони Тоҷикистон», 1991), «Аввал андеша в-он гаҳе гуфтор» («Тоҷикистони Шӯравӣ», 1991), «Ваҳҳобия чисту ваҳҳобӣ кист?», «Мо пайрави Имоми Аъзамем» («Тоҷикистон», 1993) ва ғайра ба табъ расидаанд
Таҳлилҳо ба он ишора мекунанд, ки нахуст бар муқобили Мавлавии Ҳиндустонӣ шогирдони ӯзбекзабони ӯ аз Марғелон, Андиҷон ва Фарғона қад алам карда будаанд, ки маъруфтарини онҳо Қорӣ Ҳакимҷони Марғелонӣ, Қорӣ Абдувалии Андиҷонӣ ва Аллома Раҳматуллоҳи Фарғонагӣ мебошанд ва аввалин маротиба ҷамоати ваҳҳобиён дар шаҳри Намангон зуҳур кардааст («Акромия: экстремистское движение или предтеча исламской социальной демократии?»). Метавон ранҷишу нороҳатии Мавлавиро аз шогирдонаш дар сабти суҳбатҳояш баръало мушоҳида кард. Масалан, Мавлавӣ дар яке аз сабтҳои аудиоиаш аз бархӯрд ва ихтилофоти Қорӣ Ҳакимҷон, Қорӣ Абдувалӣ ва Аллома Раҳматуллоҳ (Қорӣ Абдувалӣ ва Аллома Раҳматуллоҳ қабл аз назди Мавлавӣ омаданашон шогирдони Қорӣ Ҳакимҷон буданд) гуфта, бино бар нақли Мавлавӣ онҳо ӯро гумроҳ ва ҳатто кофир ҳам мехондаанд. Қорӣ Ҳакимҷон ба латукуб шудан ва фавт (соли 1981 бар асари садамаи нақлиётӣ)-и Аллома Раҳматуллоҳ Мавлавиро муқассир медонистааст ва ба ӯ даъво ҳам мекардааст. Дар сабт аз Мавлавӣ пурсида мешавад, ки: «ин суханҳоро ба шумо кӣ гуфта истодааст?». Мавлавӣ мегӯяд, ки: «Ҳакимҷон гуфта истодааст». Мавлавӣ меафзояд, ки дар маъракае Ҳакимҷон аз ӯ гила кардааст, ки: «ба мардум ӯро ҳамчун шогирдаш муаррифӣ намекунад ва ба онҳо намегӯяд, ки Ҳакимҷонро дар маъракаҳояшон даъват намуда, аз ӯ пазироӣ кунанд». Мавлавӣ дар посух ба ӯ мегӯяд, ки: «алоқаатро бо ваҳҳобиҳо бикан!!! Обрӯятро худат бурдӣ. Мардум туро ваҳҳобӣ гуфта истодааст». Аз суханронии Мавлавӣ дар сабт бармеояд, ки шахсони номбурда дар таблиғи ақоиди ваҳҳобия аз номи ӯ низ баромад мекардаанд ва мегуфтаанд, ки: «Мавлавӣ чунину чунон гуфт».
Мавлавӣ дар сабти мазкур масъалаи шифо будан ё набудани Қуръонро низ матраҳ намуда, аз баҳси худаш бо Аллома Раҳматуллоҳ дар ин маврид ёд мекунад, ки Аллома Раҳматуллоҳ ба бемор шифо бахшидани оёти Қуръонро инкор карда, онро ҳамчун шифои ақлӣ ва қалбӣ тафсир додааст. Ҳатто дар сабт Мавлавӣ мегӯяд, ки вақте хабари марги Аллома Раҳматуллоҳро ба модараш расонидаанд, ба ҷои нолаву гиря ӯ аз фавти писараш шукрона карда, гуфтааст, ки: «метарсидем, ки ӯ мурдаи моро саг барин бе фотиҳаву хондани Қуръон бурда, дар ягон ҷой мегуронад». Ба ин монанд дар дигар сабтҳои аудио-визуалӣ Мавлавӣ аз бархӯрди хеш бо онҳо ёдоварӣ намудааст, ки баррасии он ҷои дигар аст.
Ногуфта намонад, ки фарқияти асосии ақидаи Мавлавии Ҳиндустонӣ аз шогирдони ба инҳирофрафтааш он буд, ки ӯ дар таълимоташ таҳаммулпазириро қисмати ҷудонашавандаи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дониста (ҳатто дар муқобили давлати бехудоӣ (атеистӣ)-е чун Шӯравӣ), ба зинда мондани ислом дар ҳолатҳои бад диққати махсус медод. Аммо намояндагони равияи муҷаддадия ё ваҳҳобия баръакс бар он назар буданд, ки мусулмони воқеӣ дар ҳар ҳолате набошад, бояд аз чорчӯбаи шариат хориҷ нашавад (ҳатто агар дар ин роҳ кушта шавад).
Муқобилони Мавлавӣ ва мактаби ӯ (бо вуҷуди дар мактаби ӯ рушд карданашон) ба ӯ тавассути нома ва коғазпораҳо низ таҳдид мекарданд ва ақидаҳояшонро мерасониданд. Масалан, дар яке аз чунин номаҳо бо забони ӯзбекӣ аз Мавлавӣ чанд савол намудаанд, ки баёнгари гуфтаҳои болост: «Оё зиёрат кардани мазорҳо ҷоиз аст? Оё барои мурдаҳо фотиҳа хондан ҷоиз аст? Оё барои хондани Қуръон уҷрат (музд) гирифтан ҷоиз аст? Оё хондани Қуръон барои мурдагон савобе дорад? Оё маънои Қуръонро нафаҳмида, бар сари бемор хондани он боиси шифои бемор мешавад? Оё набӣ ё валиёнро (авлиёро) восита намуда, аз Худо иҷро шудани ҳоҷатеро талаб кардан дуруст аст? Оё ба ягон олим таъзим кардану дар назди ӯ қиём истодан (даст пеши бар рост истодан) ҷоиз аст?» («Диспуты мусульманских религиозных авторитетов в Центральной Азии в ХХ веке» ва «Уламои исломӣ дар Тоҷикистон»).
Инчунин, соле қабл аз вафоти Мавлавӣ ба унвони ӯ номаи тӯлоние бо забони тоҷикӣ мерасад, ки муаллифони нома ӯро ба чандин ҷурмҳои бузург муттаҳам намуда, таҳқирҳои зиёдеро дар ҳаққаш раво дидаанд (монанди ҷоҳил, хабис ва ҳатто ӯро ба гунае кофир ва мушрик ҳам номидаанд).
Сабаби навиштан ва ирсоли номаи мазкур ба Мавлавии Ҳиндустонӣ баромади ӯ дар масҷиди Сари Осиёи шаҳри Душанбе мебошад. Бинобар хотироти шогирдони Мавлавӣ Мирзо Абдуллоҳ Калонзода (қозикалони вақтӣ) Мавлавиро бо вуҷуди рад карданаш даъват намуда, иштирок ва баромади ӯро дар маҷлис ҳатмӣ гуфтааст. Чунки дар маҷлиси мазкур намояндагони КМ ҲК ҶШСТ (ЦК КП ТССР) ва тамоми хатибони масоҷиди ҷомеъи кишвар иштирок мекардаанд. Дар маҷлис аз Мавлавии Ҳиндустонӣ дар мавриди ду масъала: ҷиҳоди Афғонистон ва розӣ будани сокинони кишвар аз Ҳукумати Шӯравӣ мепурсанд ва ӯ дар такя ба ояти «ва-с-сулҳу хайрун» («Нисо», 128) ҷиҳоди Афғонистонро маҳкум ва аз озодиву адолати ҳукумати вақт ёдрас мекунад. Муқобилони Мавлавӣ баромади ӯро сабт ва алайҳи ӯ ба кор мебаранд ва ба мазаммати ӯ мепардозанд.
Айни гуфтаҳои болоро мо дар номаи таҳқирӣ низ мебинем. Дар нома гуфта мешавад, ки Ҳукумати Шӯравӣ аз нуфузу эътибори миёни мусулмонон доштаи Мавлавӣ ӯро барои маҳкум кардани ҷиҳоди Афғонистон ва озод нишон додани мусулмонони шӯравӣ истифода кардаанд. Дар ҳоле, ки диндорони Тоҷикистон мавриди таъқиб ва истинтоқ қарор дошта, чанд фарзанди рашиди ислом (дар матни нома номи маҳбасиҳо оварда нашудааст, аммо манбаъҳо номи Саид Абдуллои Нуриро мебаранд) маҳбасианд. Ҳатто маҷбуран ба маҷлис рафтани Мавлавӣ аз нома низ аён аст: «Ту нагӯӣ, ки ман ин ҳамаро барои халос кардани худ гуфтам, ... бо ин синну сол касе туро маҷбур намекард, чунину чунон бигӯ, ту худ инро хостгор будӣ».
Аз таҳлили манбаъ ва сарчашмаҳо бармеояд, ки нахуст ислоҳот ва ё ақоиди ваҳҳобия дар Ӯзбекистон пайдо ва рушд намуда, баъдан ба Тоҷикистон сироят намудааст. Ислоҳотхоҳон ё ваҳҳобиён нахуст ба масоиле, ки дар боло зикраш рафт, чанг зада, солҳои охири ҳаёти Мавлавӣ дар сари онҳо дағдағаи «ҶИҲОД» низ пайдо шудааст ва хостаанд шаҳрвандони мусулмони ИҶШС (махсусан кишварҳои Осиёи Миёна)-ро дар ҷиҳоди Афғонистон ҷалб кунанд (ҳатто онҳоро бар муқобили Ҳукумати Шӯравӣ барангезонанд), ки инро баръало дар номаи таҳқирии онҳо ба Мавлавӣ мебинем. Аз ин рӯ, КМ ҲКИШ (ЦК КПСС) тасмим мегирад, дар масҷиди ҷомеи Сари Осиё маҷлисе барпо карда, тамоми хатибон ва руҳониёни аршадро даъват намояд ва бо вуҷуди пиронсоливу хатиб набуданаш Мавлавиро низ даъват карда, бо забони ӯ шуълаи оташи фитнаи «ҷиҳод»-ро хомӯш карданӣ мешавад, ки бардошти ин ба Мавлавӣ гарон меояд ва тарафдорони «ҷиҳод»-у душманони Ҳукумати Шӯравиро дар ғазаб меорад, ки дар натиҷа онҳо бо ҷангҳои мубоҳисавӣ, коғазпораҳои таҳдидиву номаҳои таҳқирӣ ва тамғабандиву мазамматкуниҳо ба Мавлавии 90-сола дармеафтанд.
Суоли матраҳ он аст, ки ақоиди ваҳҳобия аз Ӯзбекистон чӣ гуна ба руҳониёни Тоҷикистон сироят кард? Бо кадом роҳу василаҳо? Манбаъҳо ба он ишора мекунанд, ки дар солҳои 1970-ум С.А.Нурӣ ва пайравонаш бо асосгузорони равияи муҷаддадия, ки баъдҳо худро ҳамчун ваҳҳобиён муаррифӣ мекарданд, вохӯрда, ба равияи онҳо мегаравад ва дар ин миён Қорӣ Муҳаммадҷони Муҳиддин (1954-1993) ба Андиҷон рафта, солҳои 1978-1988 дар мактаби Аллома Раҳматуллоҳ таълим гирифта, бо ақоиди онҳо мусаллаҳ мешавад ва ба Тоҷикистон баргашта, бо С.А.Нурӣ ҳамроҳ мешавад ва ҳамчун мубаллиғи равияи мазкур дар сиёсикунонии ислом нақши меҳвариро ишғол мекунад (соли 1973 ҳангоми таъсиси НҶИТ – нахустин номи ҲНИТ, ӯ ҳамчун мубаллиғи ин ҳизб таъйин гардида буд). Адабиёту решаи барномарезиҳо низ аз Ӯзбекистон об мехӯрд («У терроризма нет лица» ва «ҲНИТ: сабзиш, лағжиш ва пешрафт»). Руҳониёни тоҷики мусаллаҳ бо ақоиди инҳирофӣ бо руҳониёни суннативу анъанавӣ ба мубориза бархостанд, ки ақоиди онҳоро дар ВАО-и авохири соли 80-ум ва авоили соли 90-ум дидан мумкин аст (ҳарчанд дар мусоҳиба ва баромадҳояшон онҳо худро ваҳҳобӣ нагуфта, «поккунандаи мазҳаби ҳанафӣ аз ҳар гуна хуруфот» ба қалам медоданд)...
Ислоҳотхоҳон дар авоили солҳои 80-ум равиши наверо барои таблиғоти ҷиҳод ва барпо кардани давлати исломӣ ба роҳ монда будаанд. Онҳо барои ҷалб ва таҳрики мусулмонон аз видеомагнитафон истифода бурда, бо роҳи намоиши филмҳои исломӣ таблиғоту ташвиқоти хешро муассиртар мекарданд («Тоҷикистони Советӣ». №272 (17660), 24.11.1986).
Дар боло гуфта шуд, ки Мавлавии Ҳиндустонӣ бо ақоиди ваҳҳобия шадидан муқобил буда, муборизаи беамон мебурд, ки рисолаи «Таърихи ваҳҳобия» ва сабти мавъизаҳояш шоҳиди ҳоланд. Аммо баъзан ба назар мерасад, ки манбаъҳо амдан Мавлавиро хайрхоҳи ҷараёни ваҳҳобия ҷилва додаанду медиҳанд. Масалан, Ҳоҷӣ Қаландар Садриддинзода дар китобаш «ҲНИТ: сабзиш, лағжиш ва пешрафт» менависад, ки гӯё Қорӣ Муҳаммадҷон Ғуфронов (1954-1993) дар бораи чигунагии ваҳҳобӣ аз Мавлавии Ҳиндустонӣ пурсидааст ва Мавлавӣ дар посух гуфтааст: «Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб хеле шахсияти бузург гузаштааст, султаи фарҳангҳоро аз Ҳиҷоз кӯтоҳ намуд, он сарзаминро аз ширку хурофоти қадима қадамҷойи мазорпарастӣ пок намуданд. Ҳозир бошад, ҳукумати Маккатуллоҳ дар дасти онҳост». Муаллиф аз забони Қорӣ Муҳаммадҷон меафзояд: «Фаҳмидам, ки Мавлавӣ ваҳҳобӣ гуфтанро ба маънои бад нагуфтааст».
Агар ба рисолаи «Таърихи ваҳҳобия»-и Мавлавӣ нигарем (берун аз манзумаи «Панднома» ва осори аудио-визуалии ӯ), баръакси гуфтаҳои Қорӣ Муҳаммадҷонро мебинем (намунаҳои нармтари он иқтибос мешаванд): «Ин фирқаро «ваҳҳобӣ» аз ин ҷиҳат гуфта мешавад, ки дар ақоиди ботилаи қабеҳаи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳобро тобеъ ҳастанд... Он чӣ ҳуҷҷати ваҳҳобиҳоро шуниданд, ҳамаи онҳо хандаовари масхара кабайти-л-анкабут (монанди тори тортанак. – М.Ғ.) заиф буд, дигар мусалмонҳоро кофир мекардагӣ масъалаҳоро муштамил буд... Мардумро аз васила кардан ба анбиё манъ мекарданд ва аз зиёрати қубур низ манъ карданд...» («Диспуты мусульманских религиозных авторитетов в Центральной Азии в ХХ веке». Саҳ. 105-107).
Дар як мақола мо наметавонем дар бораи пайдоиш, инкишоф ва тавсеаи равияи ваҳҳобия ва бархӯрди онҳо бо руҳониёни суннатӣ, ба вижа, Мавлавии Ҳиндустонӣ муфассал таваққуф намоем. Аз ин рӯ, баррасии онро дар мақолае алоҳида хоҳем намуд. Дар ин ҷо бо таваққуфи андак болои посухи Мавлавӣ ва шогирдонаш иктифо хоҳем намуд.
Мавлавии Ҳиндустонӣ қабл аз вафоташ ба номаи таҳқирии тарафдорони «ҷиҳод» ва муқобилони Шӯравӣ посухи мукаммал додааст. Дар посух Мавлавӣ навиштааст, ки муаллиф (он) барои дар рӯ ба рӯ омада, баҳс кардан ҷуръат накардааст (накардаанд) ва дар охир аз беадабиҳои муаллиф (он) ёд карда, аз Худо дархости дуо мекунад, ки иҷобат шавад. Ҳарчанд Мавлавӣ дар нома баъзе суханони муаллиф (он)-и номаи таҳқириро рад карда бошад ҳам, бештар дар мавзуъи ҷиҳод тамаркуз кардааст ва ҷиҳоди ба тафсил зикркардаи муаллифони номаро бо далел маҳкум карда, худи онҳоро ваҳҳобӣ унвон кардааст (чи гунае ки дар боло зикраш рафт).
Аз шогирдони Мавлавии Ҳиндустонӣ танҳо Домулло Ҳикматуллоҳ (бо наср) ва Сомеъ Одиназодаи Хатлонӣ (бо назм) ба номаи таҳқирӣ посух навиштаанд. Сомеъ Одиназодаи Хатлонӣ дар ҳаққи онҳо менависад:
Адоватро ба ин алломаи даҳр (Мавлавии Ҳиндустонӣ.-М.Ғ.),
Раво дорӣ магар, эй зодаи хар?!
Мисоли хутикат бо думби абтар,
Ту як шармандаӣ дар рӯзи маҳшар,
Ҷавоб аз ман шунав, эй мулҳиди шум,
Ту аз даргоҳи Ҳақ мардуду маҳрум.
Домулло Ҳикматуллоҳ дар мақолаи дигараш бо номи «Сабаби аҳдоси ин мактуби номаймун» дар мавриди сабаби навишта шудани номаи таҳқирии ислоҳхоҳон ба Мавлавӣ андешаронӣ кардааст. Домулло Ҳикматуллоҳ менависад, ки дар авохири солҳои 70-уми асри гузашта гуруҳе пайдо шудаанд, ки худро ислоҳҷӯёни дин ном мебурданд. Ҷиҳати пешгирӣ аз онҳо Мавлавӣ ба панду насиҳати эшон шуруъ менамояд, аммо онҳо дар ғоиб ва ҳузури Мавлавӣ алайҳи ӯ бархоста, ӯро мазаммату таҳқир менамуданд ва ҳаргуна варақаҳои таҳқириро ба унвонаш мефиристодаанд.
Масъудҷон ҒАФУРӢ - Фараж





МАЪРУФТАРИН ШОГИРДОНИ МАВЛАВИИ ҲИНДУСТОНИ:

1. Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ.
2. Эшони Сайидашраф.
3. Эшони Нуриддинҷон (Қаҳҳоров Нуриддинҷон Тураевич).
4. Мавлавӣ Абдулҳай.
5. Домулло Шарифи Кўлобӣ (Сомеъ Одиназодаи Хатлонӣ).
6. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (Саидов Абдуллоҳ).
7. Эшони Алломаи Регарӣ (Абдушарифов Эшонҷон).
8. Мавлавӣ Маҳмудҷон.
9. Домулло Маъруфи Элокӣ.
10. Эшони Абдуқуддус.
11. Махдуми Бурҳониддин.
12. Махсуми Исмоил.
13. Мулло Абдуғаффор.
14. Муҳаммадшариф Ҳимматзода.
15. Махдуми Убайдуллоҳ.
16. Мавлавӣ Муҳаммадқосим.
17. Махдуми Аҳмадҷони Ҳоҷӣ.
18. Қорӣ Абдувалии Андиҷонӣ (Мирзоев Абдувалӣ).
19. Аллома Раҳматулло
20. Мавлавии Муҳаммадқосим
21. Эшони Қиёмиддини Ғозӣ
22. Домулло Муҳаммаднабии Нурободӣ.
23. Қорӣ Ҳакимҷони Марғилонӣ.
24. Домулло Сиёмиддин Наҷмиддинов.
25. Махсуми Домуло Саймуддин.
26. Мулло Неъматуллоҳ.
27. Эшони Маҳфузуллоҳ.
28. Мавлавӣ Муҳаммадали Файзмуҳаммад.
29. Эшони Фаррухзамон.
30. Ҳоҷӣ Қаландари Садриддин











Ахмад Зохир БУХАРА Душанбе Душмани №1 точик - вируси М Исфара Хабиб Саид Хабиб Саид - YouTube Хабиб Саид - SoundCloud Таджикская музыка Таджикистан в картинках Хоҷа Аҳрори Валӣ